Он сарви дай ба қасди саломам қиём кард

Шарти вафоу расми тафаққуд тамом кард

Ҷои ҷавоби хўостмши ҷони даҳум чу ӯ

Дасти адаб ба синаи ниҳод ва салом кард

Як дам накард дар назари ман мақом лек

Завқи салом ӯ ба дилу ҷон мақом кард

Будам чу хок бар сари роҳаши басии ҳақир

Хоки ҳақирро зи карам эҳтиром кард

Дил рафту ҷони ҳам аз паии сарви равон ӯ

Аз пеши ман чу баҳри гузаштан хиром кард

Шукри худо ки аз шаккарини хандаи саъии бахт

Ширини лабаш ба коми ман талхком кард

Ҷомӣ ба васфи он лаби лаъли шикаршикан

Таии ҳадиси тӯтии ширин калом кард