Шабӣ ба сӯии ту аз дида пой хоҳам кард
Бар остони ту дуздида ҷой хоҳам кард
Ба расми саҷдаи ҷабинро ба хоки мақдами ту
Барои дидаи худ серума соӣ хоҳам кард
Дарин саро ба ғамати ху гирифта ам бифирист
Ғамӣ ки зоди раҳи он сарой хоҳам кард
Ба ҳар тараф ки рӯй дар қафои маҳмили ту
Ба нолаи ҳам нафасӣ бо дароӣ хоҳам кард
Фузуд меҳнатам аз дил ба доғи фурқати ту
Сазои ин дил меҳнат физой хоҳам кард
Ба бандаи бӯсӣ азон лаб ҳавола кун вари не
Ҳаволаи лаби ту бо худоӣ хоҳам кард
Дро ба майкадаи ҷомӣ ки ҳали мушкили ишқ
Ба ҷоми бодаи мушкил гушой хоҳам кард