Бигузашт ёру сӯии асирон назар накард
Кардем нола дар дили сахташ асар накард
Хоки раҳаши шудем ки бӯсем пой ӯ
Аз саркашӣу ноз бар онҷо гузар накард
Моро чаҳ суди ашк чу симу рух чу зар
Чун ҳаргизи илтифоти бад-ӣни сим ва зар накард
То дар Рахш назар накунам ҳаргизам надид
Ҷое ки рӯй хеш ба сӯй дигар накард
Бар хоки раҳи нишони кафи пои нозукаш
Равшандилӣ надид ки кӯҳл басар накард
Май хости тан ки ҳамраҳи ҷон аз пеш равад
Ҷони худ чунон бирафт ки танро хабар накард
Шуд хок бар дараш сари ҷомӣ вале ҳануз
Савдои пои бӯси вай аз сар бадар накард