Дил ба чанги ғамати оҳанг сурӯдӣ накунад
Ки равон бар рухам аз ҳар мужда равадӣ накунад
Шакли миҳробии наъли сами Рахши ту ба роҳ
Ҳеҷ дилдода набинад ки суҷудӣ накунад
Чун марои сӯхтӣ аз ғам макун андешаи зи оҳ
Кам фитад шуъла ба хошок ки дӯдӣ накунад
Даҳанатро ки хиради ҷавҳар фардаш хонд
Ҷуз ба мантиқи лабати исбот вуҷӯдӣ накунад
Боядат перҳан аз риштаи ҷонҳо ки танат
Сабр бар заҳмат ҳар торӣ ва пудӣ накунад
Чанд гӯйӣ ки ҳазар кун зи рақибони ҳасуд
Ончӣ бо ман ту кунӣ ҳеҷ ҳасудӣ накунад
Қадари ҷомӣ ки ба ҷони меҳри ту варзад бишнос
Пеш азон рӯз ки бишносӣ ва судӣ накунад