Ёрб чаҳ шуд имрӯз ки он моҳ наомад

Ҷон рафт зи тан ваон бут дилхоҳ наомад

Сад қиссаи пурғуссаи ман зулми расида

Барадам ба сари роҳ вале шоҳ наомад

Аз хок дараш буд марои чашми ғуборӣ

Ин лутфи ҷуз аз бод саҳаргоҳ наомад

Аз лиззати теғат чаҳ хабари мурдаи дилон ро

Чун захми ту ҷуз бар дил огоҳ наомад

Аз ҳасану латофати дили ман халъати васфӣ

Кам дӯхт ки бар қади ту кӯтоҳ наомад

Ҳаргиз ба сари хок шаҳидон нагузаштем

Каз хоки шаҳиди ғами ту оҳ наомад

Ҷомии ману ҷом майу қлошӣу риндӣ

Чун зуҳду салоҳ аз ман гумроҳ наомад