Чу маҳмили баста бар азми сафари ҷонон бурун ояд
Ба ҳамроҳӣ ӯ сад корвони ҷон бурун ояд
Надорад ҳеҷ каси тоби видоъ ӯ бигӯедаш
Ки бар бечорагон раҳмӣ кунад пинҳон бурун ояд
Мабанд он моҳи гӯи маҳмил ки мегарӣанд сад бе дил
Нишоед корвониро ки дар борон бурун ояд
Чу гарем бар гирифторони дили сайл бало гардад
Маро ҳар қатраи хӯн каз дидаи гирён бурун ояд
зи сина бо хаёлаш рафт ҷони ореи гуҳ рафтан
Хушаст аз соҳиби хона ки бо меҳмон бурун ояд
Ман бедил чу аз шавқи хату рухсор ӯ меРом
зи хоками ҷои сабзаи лолау райҳон бурун ояд
Надонад ҷузи фиғони ҷомии забонаш чун ҷараси гӯйӣ
Барои он буд каз ваии ҳамин афғон бурун ояд