Хуши онкии висоли ту муяссар шуда бошад
Чашмам ба ҷамоли ту мунаввар шуда бошад
Резами зи мижаи ашки дамодам ки бишӯяд
Гар ғайри ту дар дидаи мусаввир шуда бошад
Бо ҳеҷ баробар накунам онкии сари ман
Дар пои ту бо хоки баробар шуда бошад
Зин беш макун саркашӣ эй шӯх ва биандеш
Зон лаҳза ки оҳам ба фалак бар шуда бошад
Шуд қомати ман ҳалқа дар он фикр ки дастам
Дар ҳалқаи он ҷаъди мънбр шуда бошад
Ҳаргиз ба вафо бо дгарӣ аҳд набандам
Гар худ зи ҷафои аҳди ту дигар шуда бошад
Ҷомӣ макун андеша ки тағйири наёбад
Дар ҳукми азал ҳар чаҳ муқаддар шуда бошад