Чашмам аз гиря чу дар варта хӯн ме уфтад

Рози пинҳони дил аз парда бурун ме уфтад

Ба хатми он зулф нигунасту маро дар раҳи ишқ

Ҳарчӣ меуфтад азин бахт нигун ме уфтад

Бе ту гум шуд асарами вази ғами ту дар аҷабам

Ки ба сари вақти ман гумшуда чун ме уфтад

Гузар дида шуд оғишта ба хӯни дил азон

Пораҳои ҷигари олӯда ба хӯн ме уфтад

Халқ гӯйанд бикун сабру лаб аз оҳ бабанд

Чун кунам сабр ки оташ ба дарун ме уфтад

Шуълаи оҳи ман ин сон ки з гардун гузарад

Аршро дам ба дами оташ ба сутун ме уфтад

Ҷомии ин навъ ки сарришта тадбир гусаст

Охроломр ба занҷир ҷунун ме уфтад