Рӯй ту офтобро монад

Лаъли ту шаҳди нобро монад

Чун кушодии даҳон ба хандаи лабат

Дарҷ дар хўшобро монад

Наргиси ту зи хоби нима шуда

Наргиси ним хобро монад

Пораи пораи дилам бар оташи шавқ

Пораҳои кабобро монад

Пеши лаби ташнагони роҳи талаб

Ваъдаи ҳайти саробро монад

Шуд гулистони китоби лутфу рахт

Зон китоби интихобро монад

Хат бар он лаб хушасту гирди зқн

Рақами носавобро монад

Нақди ишқи туу дили вайрон

Ганҷу кунҷи харобро монад

Назми парвин чаҳ равшанасту баланд

Шеъри ҷомии ҷавобро монад