Марои зи мояи савдои умед суд намонад

Ки ёр бо ман шайдои чунон ки буд намонад

Чу бофти ишқи либос аз пилос идборам

Чаҳ ғам каз атласи иқболи тор ва пуд намонад

Садои теғ ту омад ба базми зиндаи дилон

Кадоми сар ки дар ӯ завқи ин сурӯд намонад

Мурӣди ишқ ту наниҳод по ба минбари ваъз

Чу шайхи шаҳри дарин поя фурӯд намонад

Нишони мҷуи зи дили оташинами оҳи нигар

Каз оташӣ ки ту дидӣ ба ғайр дӯд намонад

Азон замон ки марои қиблаи тоқ абрӯӣ туаст

Ба қибла дигарам тоқат суҷуд намонад

Чунон ба чашми азизи ту хор шуд ҷомӣ

Ки ҳеҷ ғуссаи азу дар дил ҳасуд намонад