Бо ту онон ки ҳадис чу манӣ ме гӯйанд
Пеши ҷони қиссаи фарсӯда танӣ ме гӯйанд
Ман на онам ки касе пеш ту гуяд суханам
Баҳри таскини дили ман суханӣ ме гӯйанд
Андалебони зи сари сарв ба овози баланд
Зикри болои ту дар ҳар чаманӣ ме гӯйанд
Накушуд хотири ман ҷуз ба ту ҳар ҷо ки касон
Сухани ишвагарӣ ғамза занӣ ме гӯйанд
Кӯҳи ғамҳои туро мекунам аз тешаи сабр
Манам имрӯз агар кӯҳканӣ ме гӯйанд
Бо ту нозуки бадани онҳо ки зи гул ёд кунанд
Пеши Юсуфи сухан перҳанӣ ме гӯйанд
Сӯз ҷомӣ нашуд эй шамъ ҳанузат равшан
Гарчи он қисса ба ҳар анҷуманӣ ме гӯйанд