Ёр каз соиди остин бар зад
Баҳри тороҷи ақлу дайни барзад
Даст меҳраш гирифт ҷайби дилам
Гарчи доман ба қасди кин бар зад
Доғи савдои ниҳод бар дили гул
То ба рухи холи анбарин бар зад
Рахна дар қибла ниёзам кард
То ба абрӯии нози чин бар зад
Нест он хат ки хотами ҷам ро
Мӯри мишкӣни сар аз нигин бар зад
Сӯхти олам чу шуълаи оҳам
Илм аз ҷони оташин бар зад
Нест бар хоки ҷомии ин лола
Доғ ӯ шуъла аз замин бар зад