Гуфтам аз ту бар дилам ҳар дам кам аз сад ғам мабод
Зер лаб хандиду гуфто беш бод ва кам мабод
Гуфтамаш сарришта корам шуд аз зулфи ту гум
Гуфт кори каси чунин ошуфта ва дар ҳам мабод
Гуфтамаш баҳри ту май резами зи мижгон дар ашк
Гуфт ёрб ҳаргизи ин абри карам бенам мабод
Гуфтамаш шуд қоматам чун ҳалқаи ашкам чун нигин
Гуфт ҷуз ҳарф вафоем нақши ин хотам мабод
Гуфтам аз ҳиҷрон набошад мотамии ҷонсӯзтар
Гуфт бар ҷони муҳибони доғи ин мотам мабод
Гуфтамаш дорам дилии пари дард бе пайкони ту
Гуфт ёрб ҳеҷ касро дард бемарҳам мабод
Гуфтам аз ишқи ту холӣ нест дар олам касе
Гуфт ҷомӣ ҳар ки ошиқ нест дар олам мабод