Субҳи мо аз ту ба ғами шом ба мотам гузарад

Субҳу шом касе аз ишқи чунин кам гузарад

Нозанини табъи туро аз гила чун рнҷонм

Ҳар чаҳ кардӣ бигузашт ончӣ кунӣ ҳам гузарад

Кист огоҳи зи ҳоли дил дар ҳам шудагон

Ҷузи насимӣ ки бар он турра дар ҳам гузарад

Лиззати захми хаданг ту надонад ҳаргиз

Ҳар ки дар синааш андеша марҳам гузарад

Ҷӯйҳо байн ба рухи афтодаи ман гирён ро

Бас ки аз дида ба рӯи сайл дамодам гузарад

Макун афсонаи мо гӯш ки ин мояи ғам

Ҳайф бошад ки бар он хотир хуррам гузарад

Гар буд ҷои гузари гирд дарат ҷомӣ ро

Ҷомӣ он дорад агар аз ҳама олам гузарад