Ҳуққаи лаъли ту аз ҷавҳари ҷон сохта анд
Ком ҳар хаста дар он ҳуққаи ниҳон сохта анд
Ҳар латофат ки ниҳон буд пас пардаи ғайб
Ҳама дар сӯрати хуби ту аён сохта анд
Ҳар чаҳ бар сафҳа андеша кашад калаки хаёл
Шакли матбӯъи ту зеботар аз он сохта анд
Шухӣу нозу киришма ҳама оварда ба ҳам
Фитнаи оламу ошӯби ҷаҳон сохта анд
Он на болост ниҳолии сет ки аз равзаи қудс
Ба тмошогаҳи ушшоқи равон сохта анд
Меҳнат ҳиҷр диҳад чошнии шарбати шавқ
Дардмандони фироқат ба ҳамон сохта анд
То ба роҳи талабат беқадмон пай набаранд
Каъбаи васли ту беному нишон сохта анд
Бас ки ҷомии сифати ҳасани ту некӯ гуяд
Ъшқбозони суханаши вирди забон сохта анд