Қудсёни кини пардаҳои сабзи гардун баста анд
Маҳди айши ошиқони зини пардаи берун баста анд
Он фусун хонон ки дар танҳо ба афсуни ҷони дманд
Пеши он лаъл фусун хон лаби зи афсун баста анд
Наварӯси ҳасани Лайлиро ба хилватгоҳи ноз
Гӯшвор аз донаҳои ашки маҷнӯн баста анд
Чист донеи ғунчаҳои ношкФти андари чаман
Булбулон дар шохи гули дилҳои пурхӯн баста анд
Дар дил аз пайкон дарӣ бигушо ки роҳи дида ро
Бар хаёлати мардум аз ашки ҷгргўн баста анд
Аз хаёли он ду абрӯи мардумони чашми мо
Тоқҳо баҳри гузар бар рӯй Ҷайҳун баста анд
Каси хаёли нахли болоят ба аз ҷомӣ набаст
Дигарон нахли суханро гарчи мавзун баста анд