Ҳар шаби зи ғамати бас ки дилам зор бинолад

Аз нолаи зорам дар ва девор бинолад

Бе рӯй ту нолад дили азин синаи сад чок

Чун мурғи қафас каз ғам гулзор бинолад

Оҳ аз дили сахти ту ки як раҳ накунӣ гӯш

Гар ошиқи длсўхтаҳи сад бор бинолад

Афғон дилам ояд азон турраи шбрнг

Чун нолаи мурғӣ ки шаб тор бинолад

Гар кӯҳкан аз ишқ бинолед аҷаб нест

Гар кӯҳ буд валлоҳи азин бор бинолад

Булбул ки зи гул ҳар чаҳ расад ҳаст ба он хуш

Хуш нестгар аз сарзаниш хор бинолад

Ҷомӣ макун аз ёри фиғонгар ситамӣ кард

Ёр он набӯд каз ситам ёр бинолад