Ошиқам бе дилами ғарибу асир

Корам аз даст рафт дастами гир

Оби ҷӯёни сарв қомат туаст

Гарчи бодаш кашид дар занҷир

Мо ба ёди ту зинда ме монем

Варна ҳиҷрон намекунад тақсир

Ҳар дам аз ашки сурх бар рухи зард

Шарҳи шавқ ту мекунам тақрир

Чаҳ аҷаб каз туам гзирӣ нест

Нест касро зи ҷони хеши гзир

Абрӯу ғамзаи баси туро паии сайд

Гӯшаи гир аз камон бияфкан тир

Ҷомии ошуфта ҷавонӣ шуд

Суд кӣ дорадаш насиҳати пер