Гӯша бурқаъ фитод аз тарафи рухи он моҳ ро
Кашф шуд нури таҷаллии орифи огоҳ ро
Моил тӯбо наёяд сояи сарви қадат
Мансаби олӣ чаҳ лоиқи ҳиммати кӯтоҳ ро
Дар дуои ҷузи давлат васлат намехоҳад дилам
Ёд кун рӯзии дуъогӯёни давлати хоҳ ро
Шуд камони қоматамро риштаҳои ашки зиҳ
То гушойами баҳри сайди васли тири оҳ ро
Бори ҳиҷрони ту кӯҳаст ин тани лоғар чу коҳ
Тоқати кӯҳии чунон то кӣ буд ин коҳ ро
Роҳ дар бандаст бо кӯии ту рӯ чун оварам
Гарна лутфат бар ман бедили кушояди роҳ ро
Кӯс хоқонӣ занад ҷомӣ дар иқлӣми сухан
Гар фитад назмаши қабули табъи шрўоншоаҳ ро