Омад баҳору глрхи ман дар сафар ҳануз

Хандид боғу чашми ман аз гирятар ҳануз

Шохи шукуфа аз хатар дай бараст лек

Бошад зи оҳи сарди маниши сад хатар ҳануз

Омад дарахти гул ба бар аммо чаҳ фоида

Чун он ниҳол тоза наомад ба бар ҳануз

Аз сарву гул чаҳ суди хабари гуфтанам ки ман

Зон сарв глъзор надорам хабар ҳануз

Бо бод буи кист чу он наврасидаи гул

Доман кашон накарда ба бустони гузар ҳануз

Магушо назар ба лолау наргис ки ғоиб аст

Чашму чароғи мардуми соҳибназар ҳануз

Халқӣ ба айши хандаи занон дар чаман чу гул

Ҷомӣ чу лолаи ғарқа ба хӯни ҷигар ҳануз