Дидаи ҷузи хок дарат хоб набинад ҳаргиз
Ташна дар воқеаи ҷуз об набинад ҳаргиз
Чашми қуллоби ту баҳри кашиши хотири мо
Чун хами зулфи ту қуллоб набинад ҳаргиз
Ҳар замони дил ба саги кӯии ту муштоқ тар аст
Сирӣ аз суҳбат аҳбоб набинад ҳаргиз
Ҳар ки дар кӯии ту паҳлу ба сари хор наад
Роҳат аз бистар санҷоб набинад ҳаргиз
Дӯди мангар шаби азинсони раҳи равзани бандад
Хонаам партав маҳтоб набинад ҳаргиз
Нури тоъат ки дил аз саҷдаи абрӯӣ ту дид
Обиди шаҳр ба миҳроб набинад ҳаргиз
Ҷомии он сӯфии софии сет ки дар даври лабат
Хирқаи ҷузи раҳн меноб набинад ҳаргиз