Ёди бодат ки зи ман ёд накардӣ ҳаргиз

Дили ношоди маро шод накардӣ ҳаргиз

Кардам обод ба сад хӯни ҷигари хонаи чашм

Ҷои дарин манзил обод накардӣ ҳаргиз

Гӯшт эй симбр аз ҳалқаи зргшти гарон

ё ту худ гӯш ба фарёд накардӣ ҳаргиз

Борҳо аз лаби худ ишва ширин додӣ

Фикр ҷон кандан Фарҳод накардӣ ҳаргиз

Ёфтӣ бар сари мо мансаби шоҳии лекин

Кор бар қоида дод накардӣ ҳаргиз

Ҳасани иршоди ҳамин бас ки дар атвори сулӯк

Ҷуз ба ҳасани худам иршод накардӣ ҳаргиз

Банда ҷомӣ накунад аз ту ҷузи ин озодӣ

Ки зи банди ғамаш озод накардӣ ҳаргиз