эй боди субҳи он гули серобро бипурс

Ваон моҳ шаб фурӯз ҷҳонтобро бипурс

Аз мо ки кардаем чу дарёи зи гиряи чашм

Он дар ноб ва гавҳар ноёбро бипурс

Кӯтаҳ кунам ҳадиси зи риндони покбоз

Ёри дурӯғи ваъдаи қуллобро бипурс

Аҳбобро зи фурқаташ аз дида рафт нур

Он нўрбхши дидаи аҳбобро бипурс

Дилро бибин сҷўдкнони пеши абрӯяш

Он бути парасти гӯшаи миҳробро бипурс

Ҷон каз танам рамед зи нӯши лабаши биҷавӣ

Аз ҳоли тӯтии он шукри нобро бипурс

Ҷомӣ ба хоб дид ки ма дар канор ӯст

Таъбири хоби ошиқ бехобро бипурс