Ҷоми лаълаши нигар аз бода гулранг мапурс
Нолаи ман шинав аз замзама чанг мапурс
Ҷилваи шоҳиди гули байни саҳар аз ҳиҷлаи ноз
Мӯҷиби нолаи мурғон шбоҳнг мапурс
Номи ман моя нангаст ба ҷое ки манам
Қисса ном магӯ қоида нанг мапурс
Тангдастони туро коми дили андар ғайб аст
Сари ин нукта ба ҷуз зон даҳан танг мапурс
Ошиқи коми талабро зи ғам ва дард магӯӣ
Мутриб базм нишинро зи саф ҷанг мапурс
Бодпоён натавонанд раҳи ишқи супурд
Қатъи ин марҳала аз борагӣ ланг мапурс
Ҷомии умеди вусӯли ҳарам ар ҳаст ту ро
Роҳӣ май байну қадам май зан ва фарсанг мапурс