Он сафар карда ки ҷон рафт маро бар асараш

Ҳаст моҳӣ ки наёвард ба ман каси хабараш

Нозанинӣ ки кунун хостаҳ аз маснади ноз

Кӣ буд тоқати ранҷи раҳу тоби сафараш

Гарчи аз рафтан ӯ меравадам сабру шикеб

Ҳар куҷо рафт худоё ба саломати бабраш

Мабар эй бод бидон сӯи нафаси сарди маро

Ки мабодо расад осеб ба гулбарги турш

Монад вобастаи гули булбули ғофил дар боғ

Орияти коши тавонам стдни болу париш

Чун бимирам ба сар роҳ ваем дафн кунед

Ки чу ояд ба сари хок ман уфтад гузариш

Шуд чунон зори зи ғамҳои ҷудои ҷомӣ

Ки надидаи сет касе ҳаргиз азон зортрш