Дилам ки шавқ лабат дод шарбати аҷалаш

Ба меҳри хат ту шуд мҳрномаҳи амалаш

Чаҳ ҷои таъни диламро ба мастии лаби ту

Чу дод бодаи азин ҷоми соқии азалаш

Кадоми шефтаи дил дар каманди зулфи ту баст

Ки ақли ханда назд бар дарозии амлш

Чу санги асоси ҷафо муҳкамаст азон дили сахт

Куҷо расад зи нами чашми ошиқони халалаш

Хушо мураққаъи сӯфӣ ки мӯҳтасиб ҳар дам

Кашад пиёлаи зи ҷайбу суроҳе аз бағалаш

Агар чаҳ дар ҳамаи умраш бадал наёфта ам

Баси ин ки ёфтаам ҳамчуи умр бе бадалаш

Чу ронад ҷомӣ азон чашми оҳӯонаи сухан

Сурӯди базми ғизолон маст шуд ғазалаш