Чу арз тавба кунад бар ту зоҳиди муртоз

Ба қавли пери Муғон воҷибаст азуи эъроз

Тамоми файз буд бодаи хосса аз кафи ёр

Мудоми файзи расони боди он кафи файёз

зи ҷавҳар майу кайфияташ вуқуф наёфт

Ҳаким бо ҳамаи баҳси ҷавоҳиру эъроз

Гирифт пеши рахти хешро сиррӣ чаҳ аҷаб

Агар зи ғуссаи сари шамъ май баради миқроз

Ту худ муолиҷаи дарди сина ришон кун

Ки оҷизаст табиб аз алоҷи ин амроз

Ба тўФи равзаи ризо кӣ диҳад муқӣм дарат

Риёзатаст ҷудо аз ту рафтанаш ба риёз

Хаёли зулфу рахти баст дар сухани ҷомӣ

Чу аз мсўдаҳ май баради ин ғазал ба баёз