Гум кардаем роҳ бурун шуд азин работ

эй раҳнамои гумшудагони аҳдноолсрот

Сад дом дар раҳаст ба ҳар гоми ишқ ро

Хўшўқти раҳравӣ ки наад по ба эҳтиёт

Чун дар наёяд аз дар сидқу сафо касе

Бар рӯй халқ бастаам абвоби ихтилот

Кӣ хоҷа сар кашад ба фалаки зи иртифоъи қадар

Гар бугзарад ба хотираши имкони инҳитот

Мансӯбаи халосии худ сози пеш азон

Каз дастбурд хасм шавад холии ин бисот

Доне чаро нишоти ҷаҳон ханда оварад

Яъне ки ҷои ханда буд дар ҷаҳони нишот

Бошад мақоми иззату даҳшати бисоти ишқ

Ҷомӣ бар ин бисот манеҳ пои инбисот