Ҳар хӯн ки хӯрд бе ту дил аз соғари фироқ
Бикшод аз раг мижа ам нашутур фироқ
Бар чун хӯрем аз ту ки тухми умеди васл
Дар киштзори мо надиҳади ҷуз бар фироқ
Дар боғи ишқи сарвӣ агар ҳасту сӯсанӣ
Он новаки бало буд ин ханҷари фироқ
Лоғари танам ба маснади васли ту чун расад
Ин ришта ҳаст дӯхта дар бистари фироқ
Бархест зи оби дидаи мо ҳар тарафи ҳубоб
Зад хайма дар навоҳии мо лашкари фироқ
Ҳар дами мада ба ваъдаи фиребам ки фориғ аст
Аз неъмати висоли блопрўри фироқ
Ҷомии зи дӯсти номаи васл орзӯ макун
Ин бас ки ҳаст номи ту дар дафтари фироқ