эй ки чун ғунча дилӣ дорам аз андӯҳи ту танг
Ҳамчуи гул чанд дурӯ бошӣ ва чун лолаи ду ранг
Ҷанги ман ин ҳама бо бахт аз он сет ки ту
Бо ҳама сулҳ кунӣ бо ман длсўхтаҳи ҷанг
Сари зулфи ту ба дасти дгарон май байнам
Ваа ки сарриштаи иқбол бурун рафт зи чанг
Гиряи нақши хати сабзи ту набард аз дили мо
Нашавад пок ба шустани зи рухи оинаи занг
Оқибати водии ҳиҷри ту ба поён омад
Гарчи шуд борагии сабр дар он бодияи ланг
Гар на сайёди азали хости шикори дили мо
Чун камони сохт зи абрӯии ту вази ғамзаи хаданг
Ҷомии длшдаҳро ҷоми дили он рӯзи шикаст
Ки даромад ба сари кӯии тўоши пой ба санг