Қатл ман хоҳад зи иксўи ғами зи дигари сӯи аҷал

Пишдстӣ кун ки набӯд дасти пешинро бадал

Файласуфи ақлро одоби баҳс ишқ нест

Холӣ аз ҳикмат буд бо ӯ дарин маънии ҷадал

Қасди мо абрӯӣ туаст аз саҷда дар миҳробҳо

Гар набошад нияти холис чаҳ ҳосил аз амал

намекунам ҳар дам чу гули пероҳани ҷонро қабо

То қаборо дидам он андоми нозук дар бағал

Некӯонро ҳастам аз сидқи иродати муътақид

Кӣ фитад дар эътиқоди ман зи бдгўёни халал

Дил ки шуд ҷои ғами ишқати маҳал раҳмат аст

эй зи сар то пои раҳмат раҳматӣ кун дар маҳал

Ёфт ҷомии дӯш дар майхонаи файз аз пери ҷом

Шуд май талх аз лаби лаъли ту дар комаши асал