Чашми ту содасту сари зулфи дол
Бо худ азон ҳар ду марои сад хаёл
Хости мусаввир ки кашад нақши ту
Чеҳраи кушодӣ ва кашид инфеъол
Ҳаст дили сӯхтаи пеши лабат
Ташнаи лабӣ бар лаби оби зулол
Ҳоли ман аз васф ҷамолат накӯаст
Гуфтаму пеши ту нкўўсФи ҳол
Гар сари мо хок раҳат шуд чаҳ бок
Боди чунин сад ба раҳати поймол
Ҷомӣ азон лаби сухан оғоз кард
Шуд лақабаши тӯтии ширини мақол
Ёфт камолии суханаш то гирифт
Чошнӣӣ аз суханони камол