Май рисии хандон ва май гӯйӣ ба поем чашми мол

Чашм мемолам мабод ин хоб бошад ё хаёл

Аз ҳилоли ҳиҷр ту шуд чашми хўнборм чу ҷӯй

Бар лаби ин ҷӯ дамӣ биншин паии дафъи малол

Пеши рӯяти хати лаби гӯйии зи тоби офтоб

Сабзпушони по фурӯ карданд дар оби зулол

Кардаам дар раҳи нишони пои ту маҳв аз суҷуд

Сар наме ёрам бар овардан дигар зини инфеъол

Чун шавам аз ҳарфи савдои ту холии кони ду зулф

Нақши баста дар саводи дидаи ман чун ду дол

Шамъи маҷлиси хости дӯши оташ задани парвона ро

Сохт оташи гӣраи он шуълаи мискини пару бол

Ҷомӣ аз ширин лабон дорад суоли бӯса Эй

Лаъли нӯшин ту медонад ҷавоби ин суол