Бо асирон назарӣ нест ту ро
Бар ғарибон гузарӣ нест ту ро
Чун наёрӣ дигарам пеши назар
Гар назар бо дгарӣ нест ту ро
Қавл душман машну дар ҳақи ман
Ки зи ман дӯст тарӣ нест ту ро
Серум аз хок дарат давр макун
Гар зи ман дард сиррӣ нест ту ро
Хӯни дил бар мижаам басти ҷигар
Чанд гӯйӣ ҷгарӣ нест ту ро
Дар дилати нолаи моро чаҳ асар
Аз вафо чун асарӣ нест ту ро
Ҷомӣ аз ишқ батон ори мадор
Ғайри азин худ ҳунарӣ нест ту ро