Мо ба ёдат нишаста хомӯшем
Карда аз хештан фаромӯшем
Бар сари бистари ғамати шабҳо
Меҳнату дардро ҳам оғӯшем
Дар қадаҳ дидаем акси лабат
Бодаи нохӯрдаи рафта аз ҳушем
Гар ба мизроби ғуссаи нхрошӣ
Раги раги мо чу чанг нахурӯшем
То ту дар гӯш кардае ҳалқа
Мо ғуломони ҳалқа дар гӯшем
Дӯш будем бо ту дӯш ба дӯш
Зиндаи имшаби з лиззат дӯшем
Дарди дардат сало задам дил ро
Гуфт ҷомӣ бануш то нӯшем