Соқӣ ба ҷадал ҳал нашавад масаълаи мо
Май даҳ ки з ҳад мегузарад машғалаи мо
Дар роҳи талаби бодияи каъба чаҳ бошад
Сад бодияи каъба ва як марҳалаи мо
Ин ҳарза дароён ҳама дар роҳ даройанд
Гар бонг дарое расад аз қофилаи мо
Пашминаи сиёҳ аз сабаби зулф ту кардем
Дар хирқа ба зулф ту расад силсилаи мо
Зад аз дили мо шуъла бар авҷи фалаки оташ
Шуд нури даҳ базми малики машъалаи мо
Моро гила аз хуии ту ин сет ки ҳар чанд
Кардем гила гӯш накардӣ гилаи мо
Ҷомии матлаби давлати васлаш ки бурун аст
Таҳсили чунин манзалат аз ҳавсилаи мо