эй меҳри ту аз субҳи азали ҳам нафаси мо
Кӯтоҳи зи домони ту дасти ҳаваси мо
Мо қофила каъба ишқем ки рафтаи сет
Сартосари офоқи садои ҷараси мо
Он булбул мастем ки давр аз гули рӯят
Ин гулшан нилӯфарӣ омад қафаси мо
Аз дӯди дили мо ҳазар эй шуълаи шавқат
Оташ зада дар хирмани хошоку хаси мо
Хоҳем ба як ҷуръа май аз хеши халос
Аз пер Муғон нест ҷузи ин мултамиси мо
Дар пои хами олӯдаи лаб аз мечу беафтем
Ронанд млоик ба пари худ магаси мо
Ҷомӣ ба дарат ҷон ба кафи даст расида аст
Яъне ки ҳамин тӯҳфа буд дастраси мо