Аз ҳар ки науммат эй бут ғаммоз бишинавам

Хоҳам ки бозгуед то боз бишинавам

Сад раҳи ҳикояти ту ба поён агар расад

Хоҳам ки бори дигар аз оғоз бишинавам

Таълими ғамзаи ту буд ҳар куҷо ки ман

Қонӯни саҳару қоида ноз бишинавам

Ҳар шаб ба пои равзану боми ту ҷо кунам

Бошад ки чун сухан кунӣ овоз бишинавам

Хоҳам ба нарад ишқи ту нақди ду куни бохт

То кӣ фусуни ақл дғобоз бишинавам

Ҳар субҳдами зи шавқи қадати сӯии боғбон

Оем ҳадиси сарв сарафроз бишинавам

Ҷомии наҳуфтаи дори ғамашро миёни ҷон

Мапаснд каз забони каси ин роз бишинавам