Соқии биё ки давр фалак шуд ба коми мо

Хуршедро фурӯғи даҳ аз акси ҷоми мо

Гулгун май дрор ба майдон кунун ки ҳаст

Рахши сипеҳру тавсани айёми роми мо

Он таркро ба як ду қадаҳ маст кун чунон

Каз гардиш замона кашад интиқоми мо

Оварад оби рафта ба ҷӯи боғи ҳасан ро

Сарви баланди қомати тӯбои хироми мо

Товуси вори тӯтии ҷон ҷилва ме кунад

Аз фари ин эй ки омад ба доми мо

Гоҳе май шабонау гуҳи бодаи сабӯҳ

Бингар вазифаи саҳару вирди шоми мо

Ҷомӣ ба васфи он лаби ширини шукри шикаст

Хомаш мабод тӯтии ширини каломи мо