Ба оризи ту зи моҳи тамом чун гӯям

Ба лаъли ту з май лолаи фом чун гӯям

Лабати гуҳӣ ки даройад ба шкроФшонӣ

Ҳадиси тӯтии ширини калом чун гӯям

Хуши он замон ки туро байнаму зи ҳайронӣ

Чунон шавам ки надонам салом чун гӯям

Ҷафои ту ҳама вақте расад наме донам

Ки шукри ин карами мустадом чун гӯям

Шаробро ки бар ҳар ҷо ҳаром ме донанд

Агар зи даст ту бошад ҳаром чун гӯям

Гадои кӯй ту гӯям чу номи ман пурсанад

Чу ин хуҷаста лақаб ҳаст ном чун гӯям

Чу ҷомӣ аз ҳавасат мепараст шуд бо ӯ

Ба ҷузи ҳикояти саҳбоу ҷом чун гӯям