Навбаҳорон ки дамади шохи гулӣ аз гули ман

Ғунчаҳояш буд оғишта ба хӯни дили ман

Бе ту зинсон ки ба ҷони омадам аз ҳастӣ хеш

Зуд бошад ки шавад кӯии адами манзили ман

Набӯд ҳамраҳи ҷонам ба ҷузи андешаи ту

Чун бабанданд азин дайри фанои маҳмили ман

Лутф фармо ва бикаш теғ ва бикаш зори маро

Гарчи ҳайфаст ки бошад чу туе қотили ман

Ин чаҳ судаст ва чаҳ савдо ки ба бозори ғамат

Сими ашку зари рухсора буд ҳосили ман

Зончаҳи султони хаёли ту маро таъйин кард

Дами нақди ашк чу хӯн беш нашуд восили ман

Ҷомё то битавон ҷом май аз даст манеҳ

Ки азин ёфт гушоиши ҳамагии мушкили ман