Чаҳ камари бастае ба кин бо ман

Ки хушӣ бо ҳамаи ҳамин бо ман

Сарви нозӣ ва ҳаргизат нанишонд

Як замони бахт бар замин бо ман

Чаҳ хатои дидае зи ман ки ту ро

Шуд чунон табъи нозанин бо ман

Ки ба коми ту заҳр бо дгарон

Хуштар ояд аз ангабин бо ман

Ман ки бошам ки гӯямат ҳамаи умр

Бош ҳамроз ва ҳамнишин бо ман

Қарнҳо доғи интизори кашам

То шӯии соъатии қарин бо ман

Гуфтӣ аз кӯй мо бирав ҷомӣ

Рафтам инак на дил на дайн бо ман