Ошиқонро қӯти ҷон аз лаъл шикарханд кун
Саракашонро пои дил дар зулфи мишкӣн банд кун
Сӯхти ҷонам дар таманнои лаби ширини ту
Талхкомиро ба дашномии з худ хурсанд кун
Гар гусаст аз дасти мазлӯмони Аннани ту суннат
Риштаи ҷон аз танам баркаш бидон пайванд кун
То ба кӣ фориғи гузаштан аз гирифторони дил
Гӯшаи чашмӣ ба ҳоли нотавонӣ чанд кун
Акси лаб дар ҷом мебинмоӣ ва онгаҳ хуш бануш
Шарбат талхаст онро чошнӣ аз қанд кун
Ваъдаи васл ар диҳӣ хуш кун ба савгандии дилам
Нақди ҷони бустони зи ман куффорат савганд кун
Марди ҳоҷатманди як дидори ҷомӣ бар дарат
Раҳматӣ бар ҳоли даравишон ҳоҷатманд кун