Пиёдаи сӯии чамани сарви ман гузор макун

Ба сабзау самани он пойро фигор макун

Ба хӯн нишаст гул аз рашки сабзаи баҳри худо

Ки пои бараҳна дигар гашт ҷӯйбор макун

Гуласт он кафи пои гул ба пеш ӯ хорӣ

Ба хоки пот ки озори гул ба хор макун

Ба ханҷари ситаму ҷавр синаам мшкоФ

Чу лолаи доғи ниҳони ман ошкор макун

Чу хуии талхи туам ноумед хоҳад кишт

Маро ба ишваи ширин умедвор макун

Ба мардум аз ту басии лоф обрӯ зада ам

Марон ба хорем аз пеш ва шармсор макун

Намонад дил ки зи дарди ту хӯн нашуд ҷомӣ

Худоиро ки чунин нолаҳои зор макун