Бирафт ақлу дилу дайн ва монад ҷон танҳо

Чу он ғариб ки монад зи корвон танҳо

Чу хон дард наҳодӣ хаёлро бифирист

Ки манъмони нншоннди миҳмон танҳо

Ҳадиси мӯии миёнон чу дар миён ояд

Ту дар хаёли ман ое азон миён танҳо

зи зулфу холу хатат чун раҳам ба ҳилаи ақл

Гирифт аз ҳамаи сӯи дузди посбон танҳо

Ба сони хомаи ду будӣ забони ман эй кош

Ки шарҳи шавқ ту натавон ба як забон танҳо

Чу не чигуна нанолам ки шуд зи новаки ту

Ҳазор равзанаам дар ҳар устихон танҳо

Марв ба хулди барин бехаёл ӯ ҷомӣ

Ки лиззатии надиҳади гашти бӯстон танҳо