Мурғ ҷон кардӣ ҳавои донаҳои хол ӯ
Гар нбстии риштаи лоғари тани ман бол ӯ
Гар ба қасд ҷон фиристад қосиди он мақсӯди дил
Дил кунад фарсангҳо ҷон бар кафи истиқбол ӯ
Бас ки бар дили хомаи бори ғами ниҳод аз шарҳи ҳиҷр
Шуд хамида ҳамчу навен дар номаи лоаму дол ӯ
Хӯн кунам дилроу молам дар рикоб ӯ зи чашм
То чу пои андари рикоб орад шавад помол ӯ
Рӯйиш ар бинад фиришта гар кашад сад бе гуноҳ
Як гунаҳ нанависад андари номаи аъмол ӯ
Сӯфии дил ҳолҳо карда сети дӯш аз зикри дӯст
Синаам чун хирқаи чок инак гувоҳи ҳол ӯ
Васли ҷӯёни ҷомӣу таъни рақибон аз қафо
Дар ба дар дарвешу ғавғои сегон дунбол ӯ