Инак савор мерасад он тарки каҷи кулоҳ
Халқии ниҳода рӯй тазаллум ба хоки роҳ
Овехтаи зи тарафи камари ҷони сад асир
Бар ҳам зада ба теғи мижаи қалби сад сипоҳ
Дар тоби моҳи оризаш аз бодаи сабӯҳ
Махмури чашми ҷодӯяш аз хоби чоштгоҳ
Ҳар сӯи зи шавқи талъаташи афғони аҳли дард
Ҳар ҷои зи зулми ғамзааш овози додхоҳ
Зорам кашид ва бар сар роҳаш бияфканед
Бошад ки сӯии ман ба тараҳҳум кунад нигоҳ
Гар лофи ишқ май занам эй хоҷа таън чист
Инак сиришки сурху рухи зарди ман гувоҳ
Ҷомии зи ҷоми ғусса чу хӯн ҷигар хӯрд
Набӯд сурӯди маҷлис ӯ ҷузи фиғону оҳ