Зорам аз фурқати ширини даҳании нӯши лабӣ

Чора васласт барангези худоёи сабабӣ

Ҷон ки дар мавҷ ғам афтод ҷудо зон лаби лаъл

Оқибат хоҳадаш он мавҷи расондан ба лабӣ

Чун наомад адаби базми висол аз ман маст

Дмбдм мерасад аз шаҳнаи шаҳрами адабӣ

Сохт бо нағмаи ғами мурғи дилам зон ки нхост

Ҳаргиз аз булбули ин боғ навой тарабӣ

Сӯхт аз тоби ғамаши ҷону дилам гарчи табиб

Накунад аз тани ранҷури ман эҳсосии табӣ

Талаби рӯзу дуои шабам ин кард асар

Ки на рӯзӣ шавадам васли муяссар на шабӣ

Ҷомӣ аз роҳ талаб монад зиҳии ҳасрату дард

Гар на матлӯби даройади з дараш бе талабӣ