эй офтоб рӯй ту акси фурӯғи зот

Зоҳири зи зулфу холу хатати касрати сифот

Зери ниқоби ҷаъди мусалсали рух ту кард

Шарҳи бутуни зоту зуҳӯри тааюнот

Чашмат ба ишваи лаб ба шикарханда ме кунад

Тафсири ояи халқи аламуту алҳаёт

Зон теғи ғамза май барам аз ҷону дили умед

Дарвешро чаҳ чораи зи қатъи таъаллуқот

Кардам намоз дар хами миҳроби абрӯят

Қрти бнўри вҷҳк айнанӣ фии алслот

Зон хорҳо ки дар дили ман киштӣ аз ҷафо

Хоҳад гули вафоти дамӣдани пас аз вафот

Дар доми турраҳои ту ҷомӣ асир шуд

Мушкил ки афканди пас азин доми тараот