эй зи хуршеди ҷамолати моҳро шармандагӣ
Бо гадоёни ту шоҳон дар мақоми бандагӣ
Парда аз оризи броФкндӣ ки ман моҳи туам
Ваа ки дорад кавкаби толеъи бад-ӣни фархундагӣ
Шавкати шоҳӣ матоъӣ нест дар бозори ишқ
Нестӣ май бояду мискинӣу афкандагӣ
Шуд хароб аз гиря бисёр чашми ман балӣ
Хонаро офат расад чун пар шавад борандагӣ
Ҷомӣ аз дарди фироқу доғи ҳиҷрони мурда буд
Бори дигари накҳати васл ту додаш зиндагӣ